МАЪЛУМОТНОМА
оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030)
(дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026)
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Марказ барои соли 2026, як қатор чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иттилоотию тарғиботӣ, омӯзишию фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро амалӣ намуд.
Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Марказ барои соли 2026 бо дарназардошти талаботи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия таҳия гардида, аз 7 банди асосӣ иборат мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои бандҳои мазкур зери назорати роҳбарияти Марказ қарор дошта, сохторҳои дахлдор дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи саривақтӣ ва самараноки онҳо чораҳои заруриро амалӣ намуданд.
Банди 1. Таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ барои соли 2026.
Ҷиҳати иҷрои банди 1-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ барои соли 2026 таҳия ва тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур бо фармоиши директори Марказ аз 22 апрели соли 2026, №36 тасдиқ гардида, дар он чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандон, таъмини шаффофият ва тақвияти фаъолияти иттилоотию тарғиботӣ пешбинӣ карда шуданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои воқеӣ ва босифати чорабиниҳои нақша, вазифаҳои сохторҳои дахлдори Марказ муайян гардида, назорати иҷрои онҳо ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷа, заминаи ташкилию ҳуқуқии зарурӣ барои татбиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар дохили Марказ фароҳам оварда шуд.
Банди 2. Муайян намудани шахси масъул аз ҳисоби роҳбарият
Бо мақсади иҷрои банди 2-и нақша ва таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти дохилиидоравӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, бо фармоиши директори Марказ аз 22 апрели соли 2026, №36 шахсони масъул муайян карда шуданд.
Директори Марказ Шавкат Каримзода ҳамчун шахси мутасаддӣ ва Л. Кабутов – мудири шуъбаи кадрӣ ва коргузорӣ, дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ А. Назаров барои таъмини иҷрои чорабиниҳои дахлдори нақша масъул таъин гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ шахсони масъул ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои Марказ, ҷамъоварии маълумоти дахлдор, назорати иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.
Масъалаи иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар фаъолияти сохторҳои Марказ таҳти назорати роҳбарият қарор дошта, масъулини муайянгардида ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳои нақша вазифаҳои дахлдорро анҷом медиҳанд.
Банди 3. Нашри натиҷаи фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия дар сомонаҳои расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷалла
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ҷиҳати иҷрои банди 3-и нақша фаъолияти иттилоотию тарғиботӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мунтазам ба роҳ монда шуд.
Дар сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаҳои расмии Марказ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва канали Telegram, оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва муносибати оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб маводи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ нашр карда шуданд.
Аз ҷониби кормандон ва омӯзгорон низ вобаста ба масъалаҳои пешгирии кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта, масъулияти шаҳрвандӣ, таъмини шаффофият ва нақши ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия мақолаҳо таҳия ва ба нашр расонида шуданд.
Дар маҷаллаи «Методикаи таълим» низ мақолаҳо дар мавзуъҳои «Муқовимат бо коррупсия – вазифаи ҳар як шаҳрванд», «Муқовимат бо коррупсия – омили таъмини шаффофият» ва дигар мавзуъҳои марбут ба пешгирии коррупсия ба чоп расонида шуданд.
Инчунин, тавассути воситаҳои иттилоотӣ аҳаммияти риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии суиистифода аз мансаб ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи маориф тарғиб карда шуд.
Дар натиҷа, дар давраи ҳисоботӣ самти иттилоотию тарғиботии фаъолияти зиддикоррупсионии Марказ тақвият дода шуда, масъалаҳои мазкур дар фазои иттилоотӣ мунтазам инъикос гардиданд.
Банди 5. Инъикоси вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои расмӣ
Ҷиҳати иҷрои банди 4-и нақша дар нуҳ моҳи соли 2026 масъалаҳои вобаста ба иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои расмӣ инъикос карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ дар 3 барномаи телевизионӣ ва 4 гуфтугӯи мустақими радиоӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия, омилҳои пайдоиши он, масъулияти шаҳрвандӣ ва хизматӣ, роҳҳои муқовимат ба коррупсия ва зарурати ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии Марказ маълумоти дахлдор оид ба чораҳои андешидашуда дар самти пешгирии коррупсия, баргузории семинару машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам нашр гардиданд.
Ин чораҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони соҳаи маориф ва аҳолӣ, инчунин тақвияти шаффофияти фаъолияти Марказ мусоидат намуданд.
Банди 28. Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию иттилоотии зиддикоррупсионӣ барои кормандон
Гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Марказ дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 кормандони Марказ зимни сафарҳои хизматӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи маориф ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар самти таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон семинарҳои омӯзишию машваратӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо дар баробари масъалаҳои методию таълимӣ ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии кормандон диққати махсус дода шуд.
Дар самти таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинарҳои фаҳмондадиҳӣ, машваратӣ ва дастурдиҳӣ баргузор гардиданд.
Дар рафти семинарҳо масъалаҳои «Мо зидди коррупсия дар соҳаи маориф», «Муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ», «Роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ», «Баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф» ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирии коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ низ семинар-машваратҳо ва чорабиниҳои дастурдиҳӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб», «Коррупсия – вабои аср», «Сабабҳои пайдоиши омилҳои коррупсионӣ» ва роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ шарҳ дода шуданд.
Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, дар нуҳ моҳи соли 2026 дар маҷмуъ 81 семинару машваратҳои омӯзишию дастурдиҳӣ баргузор гардида, дар онҳо 3171 нафар омӯзгор ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, миёна ва олии касбӣ фаро гирифта шуданд. Дар рафти чорабиниҳои мазкур ба масъалаҳои муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аз ҷумла, бо муовинони таълим ва омӯзгорони синфҳои 5–6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода семинар-машварати фаҳмондадиҳӣ дар мавзуъҳои «Баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф», «Роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ» ва «Хатари ифротгароӣ ва рух додани амалҳои коррупсионӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.
Ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо муовинони директор оид ба таълим ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, дар маҷмуъ бо иштироки 140 нафар, семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзуи «Пешгирии рух додани амалҳои номатлуби инсонӣ» гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, чорабиниҳои омӯзишию иттилоотии зиддикоррупсионӣ ба фарогирии васеи кормандони соҳаи маориф мусоидат намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти онҳо заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Банди 29. Таҳияи барномаи таълимию тарбиявӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотии зиддикоррупсионӣ дар ҳама зинаҳои таълим
Дар доираи иҷрои банди 6-и нақша масъалаҳои ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ва тарбияи муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия дар фаъолияти таълимию методии Марказ ба инобат гирифта шуданд.
Дар рафти семинарҳо, машваратҳо ва сафарҳои хизматӣ бо омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маориф оид ба моҳияти коррупсия, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ, зарурати риояи қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Дар барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии равияи ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фанҳои «Сиёсати зиддикоррупсионӣ» ва «Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта» дар ҳаҷми аз 4 то 6 кредит омӯзонида мешаванд.
Ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баргузории семинар-машваратҳо кормандони Марказ дар мавзуъҳои «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб», «Коррупсия – вабои аср», «Сабабҳои пайдоиши омилҳои коррупсионӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба муқовимат ба коррупсия суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии дигар зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми дастрас намудани маводи таълимию методӣ, маводи аз ҷониби Марказ таҳия ва нашршуда тибқи борхат ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ба шахсони масъули раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ғайринақдӣ дастрас гардонида мешавад.
Тартиби мазкур ба коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, таъмини шаффофият ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Банди 53. Гузариш ба низоми электронии гардиши ирсол ва тақсимоти мавод, парванда, ҳуҷҷатҳо, истеҳсолоти иҷро ва дигар расмиёти маъмурӣ
Ҷиҳати иҷрои банди 7-и Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар равандҳои маъмурию молиявӣ, дар фаъолияти Марказ истифодаи воситаҳои электронӣ ва шаклҳои ғайринақдии ҳисоббаробаркунӣ тақвият дода шудааст.
Хизматрасониҳои молиявӣ дар Марказ тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ба таври электронӣ ва ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.
Истифодаи шаклҳои электронии ҳисоббаробаркунӣ ба баланд бардоштани шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба шаклҳои электронии гардиши ҳуҷҷатҳо дар фаъолияти сохторҳои Марказ чораҳои дахлдор амалӣ гардида, масъалаи такмили минбаъдаи низоми электронии коргузорӣ таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти Марказ қарор дорад.
Натиҷаҳои умумии фаъолияти Марказ дар нуҳ моҳи соли 2026 таҳлили фаъолияти анҷомдодашуда нишон медиҳад, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ дар самти амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия як қатор чораҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра заминаи ташкилию ҳуқуқии фаъолияти зиддикоррупсионии Марказ такмил дода шуда, шахсони масъул муайян гардиданд ва назорати иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда ба роҳ монда шуд.
Фаъолияти иттилоотию тарғиботӣ тавассути сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва воситаҳои ахбори омма тақвият ёфта, масъалаҳои вобаста ба пешгирии коррупсия мунтазам инъикос гардиданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти Марказ дар давраи ҳисоботӣ ба роҳ мондани корҳои васеи омӯзишию фаҳмондадиҳӣ мебошад. Тавассути семинарҳо, машваратҳо, дастурдиҳӣ ва сафарҳои хизматӣ кормандони муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун бо масъалаҳои пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон, барои таъмини шаффофият ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар равандҳои молиявӣ истифодаи шаклҳои ғайринақдии ҳисоббаробаркунӣ ба роҳ монда шуда, маводи таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ба таври ғайринақдӣ дастрас карда мешавад.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар 9 моҳи соли 2026 амалигардида, иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Марказ дар самти муқовимат ба коррупсия таъмин гардида, фаъолияти сохторҳои дахлдор дар ин самт тақвият дода шуд.
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ минбаъд низ ҷиҳати иҷрои пурра ва босифати Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандон, таъмини шаффофият ва тақвияти назорати дохилӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар семоҳаи охири соли 2026 низ иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи нақша идома дода шуда, натиҷаҳои фаъолияти зиддикоррупсионии Марказ ҷамъбаст ва барои таҳияи ҳисоботи солона маълумоти дахлдор омода карда мешавад.
Дар маҷмуъ, фаъолияти Марказ дар самти муқовимат ба коррупсия ба ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи маориф, таъмини шаффофияти фаъолияти хизматӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ равона гардида, иҷрои чорабиниҳои нақша таҳти назорати доимии роҳбарияти Марказ қарор дорад.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj