МАЪЛУМОТНОМАИ
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (Қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154) фаъолияти худро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати амалишавии барномаи мазкур тибқи Нақшаи чоабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба амалишавии Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (фармоиши вазири маориф ва имлми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №448) ба Марказ бандҳои 11 ва 12-и нақшаи чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия вобаста карда шудааст.
Банди 11. Таҳия ва паҳн намудани захираҳои илмию методии рақамӣ аз ҳамаи фанҳо
Бо мақсади иҷрои банди мазкур аз ҷониби Марккази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Барномаи таълимӣ аз фанни «Асосҳои зеҳни сунъӣ» барои хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳияи карда шуда, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2026, №11/2 ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2026,867 тасдиқ шудаас, ки ҳадафи асосии барнома ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва технологӣ, рушди тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва эҷодии хонандагон аҳаммияти муҳим дорад. Омӯзиши мафҳумҳо, принсипҳо ва технологияҳои зеҳни сунъӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки моҳияти равандҳои рақамии муосирро дарк намуда, воситаҳои интеллектуалии рақамиро барои омӯзиш, таҳқиқот, ҳалли масъалаҳо ва фаъолияти эҷодӣ самаранок истифода баранд. Дар баробари ин, фан барои ташаккули фарҳанги рақамӣ, ахлоқи истифодаи технологияҳо, масъулияти иҷтимоӣ ва муносибати интиқодӣ нисбат ба иттилооти рақамӣ мусоидат мекунад.
Дар ин замина, яке аз самтҳои муҳими фаъолият интишори шакли электронии нашрияҳои соҳавии Марказ – маҷаллаҳои «Масъалаҳои методикаи таълим» ва «Субҳи умед» ба ҳисоб меравад. Дар саҳифаҳои ин маҷаллаҳо мақолаҳои илмӣ, методӣ, таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорон, тавсияҳо оид ба такмили раванди таълиму тарбия ва дигар маводҳои муҳими соҳавӣ мунтазам нашр мегарданд.
Бо мақсади дастрас намудани ин мавод ба доираи васеи омӯзгорон, муҳаққиқон ва кормандони соҳаи маориф, нусхаҳои электронии маҷаллаҳо тавассути сомонаи расмии Марказ ва шабакаи иҷтимоии Telegram мунтазам ҷойгир ва паҳн карда мешаванд. Ин иқдом имконият фароҳам овардааст, ки омӯзгорон новобаста аз маҳалли фаъолият ба маводҳои тозаи илмӣ-методӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз онҳо дар фаъолияти касбии худ самаранок истифода баранд.
Ҳамзамон, корҳои вобаста ба ғанигардонии захираҳои рақамии Марказ идома дошта, дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ мунтазам маводҳои таълимию методӣ, тавсияҳо, дастурҳо, санадҳои соҳавӣ ва дигар маълумоти барои омӯзгорон зарурӣ интишор мегарданд.
Татбиқи чунин чораҳо ба рушди муҳити рақамии таълим, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии омӯзгорон, густариши таҷрибаи пешқадам ва таҳкими фазои ягонаи илмӣ-методӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Банди 12. Таҳияи дастури методӣ барои истифодабарӣ аз унсурҳои технологӣ (робототехника, воқеияти виртуалӣ ва зеҳни сунъӣ) дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (STEM)
Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ се барномаҳои таълимӣ “Барномаи таълимӣ барои омӯзиши технологияи LEGO”, барои таҳсилоти ибтидоӣ, “Барномаи таълимӣ барои омӯзиши технологияи LEGO”, барои таҳсилоти томактабӣ ва “Барномаи таълимии маҳфили Робототехника”, барои таҳсилоти иловагӣ таҳияи карда шуда,дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта дар кӯтоҳтарин муддат барои баррасӣ пешниҳод хоҳад шуд.
Бо мақсади иҷрои банди мазкур ва татбиқи самараноки технологияҳои муосири таълимӣ дар раванди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (STEM), Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавии вазорат, аз ҷумла Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.
Фаъолият дар ин самт ба таҳия ва ҷорӣ намудани дастурҳои методие равона гардидааст, ки истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили робототехника, воқеияти виртуалӣ, воқеияти афзуда, лабораторияҳои виртуалӣ ва воситаҳои зеҳни сунъиро дар таълими фанҳои STEM таъмин менамоянд. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сифати таълим, рушди тафаккури таҳлилӣ ва таҳқиқотии хонандагон, инчунин мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба талаботи ҷомеаи рақамӣ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Марказ дастури методӣ таҳти унвони «Истифодаи лабораторияҳои виртуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (дар мисоли фанни химия)» ба ду забон — тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, дар ҷаласаи Шурои илмӣ-методии Марказ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Дастури мазкур роҳу усулҳои истифодаи муҳити виртуалиро дар ҷараёни таълими химия шарҳ дода, барои омӯзгорон тавсияҳои амалӣ оид ба ташкили корҳои озмоишӣ дар шакли рақамӣ пешниҳод менамояд.
Ҳамзамон, ҷиҳати густариши истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф дастури методии дигар таҳти унвони «Методикаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот» таҳия гардидааст. Айни замон дастури мазкур барои гирифтани тақриз ба мутахассисони соҳавӣ пешниҳод шуда, баъди анҷоми расмиёти экспертиза ва баррасии илмӣ барои тасдиқ ва истифода дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳод хоҳад гардид.
Бо мақсади тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорон оид ба технологияҳои муосири таълим, аз ҷониби кормандони Марказ зиёда аз 11 мақолаи илмӣ-методӣ, дар самтҳои робототехника, воқеияти виртуалӣ ва зеҳни сунъӣ таҳлилӣ ва омӯзишӣ таҳия гардида, дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ, инчунин тавассути сомонаи расмии Марказ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Telegram интишор карда шудаанд. Дар ин мақолаҳо масъалаҳои марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, лабораторияҳои виртуалӣ, усулҳои инноватсионии таълим ва рушди муҳити STEM мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Тадбирҳои амалигардида барои ташаккули муҳити муосири таълимӣ, баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон, рушди фарҳанги истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи босамари унсурҳои STEM дар муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварда истодаанд.
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои бади мазкурро ҳамеша пайгирӣ намуда, вобаста ба иҷрои «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» кӯшиш ба харҷ дода, пайваста талош менамояд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj