Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ

Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Зимчуруд»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ намуд.

Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода дар ҳузури мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои болозикр Кучарзода Ҳусния, Нуряминзода Саида ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода бо ҳайати кормандони омӯзгорӣ ва истироҳаткунандагон суҳбат ороста, аз ташкили раванди истироҳатгоҳ, ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, таъминот бо маводи хӯрокворӣ аз наздик шинос шуданд. 

Мавриди қайд аст, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Шарора» 190 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, инчунин 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.

Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар басти дуюм 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ва дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» 450 нафар наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

Зимни мулоқот муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ба ҳайати кормандони истироҳатгоҳҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати омодагӣ ба басти сеюм супоришҳои мушаххас дод.