Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд.
Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид.
Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.



