БАҲОГУЗОРИИ ДАҚИҚ – ПОЯИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ, ЗАРУРАТИ НИЗОМИ 10-ХОЛА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Замони муосир, ки низоми таҳсилотро дар кишварҳои пешрафта рӯ ба тағйироти ҷиддӣ овардааст, зарурати бознигарӣ ва таҷдиди назар ба низоми баҳогузории анъанавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беш аз пеш эҳсос мегардад. Дар маркази таваҷҷуҳи ин таҷдиди назар гузариш аз низоми баҳогузории анъанавии 5-хола ба низоми дақиқтар ва фарогири 10-хола қарор дорад. Ин иқдом як падидаи ислоҳотии замонавӣ ба шумор рафта, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди салоҳиятҳои амалии хонандагон ва таъмини адолати бештар дар раванди арзёбии натиҷаҳои таълим нигаронида шудааст.

Аз нигоҳи илмҳои педагогика ва психология, низоми баҳогузорӣ на танҳо воситаи андозагирии дониш, малака ва маҳорат, балки яке аз воситаҳои муҳими танзими ҷараёни таълим мебошад. Агар баҳогузорӣ дорои дақиқият ва ҳассосият набошад, он метавонад таъсири манфӣ ба ангезаи омӯзиш ва рушди шахсияти хонанда расонад. Маҳз ҳамин нуқта боиси он гардид, ки дар доираи ислоҳоти миллӣ ва бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, гузариш ба низоми 10-хола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасии васеъ қарор гирад.

Дар баробари ин, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни
суханронӣ дар Рӯзи Дониш дар Донишгоҳи тиббии Хатлон чунин таъкид карданд:
“Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи
воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои
минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми
бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”.

Низоми ҳозираи 5-хола, ки аз баҳои 1 то 5 иборат аст, солҳои тулонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мо истифода мешавад. Вале айни ҳол, вақте ба амали воқеии он назар мекунем, мебинем, ки аз он 5 рақам, аслан фақат 4-тояш истифода мешавад: 2, 3, 4 ва 5. Баҳои “1” дар амал қариб ки вуҷуд надорад ва омӯзгорон аз гузоштани он худдорӣ мекунанд, чун фикр мекунанд, ки хонанда озурдаву руҳафтода мешавад. Дар натиҷа баҳои “1” қариб ки аз байн рафтааст ва амалан истифода намегардад.

Ҳамин гуна вазъият сабаб мешавад, ки фосилаи байни дониши воқеии хонанда ва баҳои гузошташуда баробар набошад. Масалан, ду хонандаро тасаввур кунед: яке бо заҳмати зиёд, аммо баъзан хато карда, мавзуъро 70% фаҳмидааст; дигаре ҳама маводро амиқу комил аз худ намудааст. Вале ҳарду “4” мегиранд. Чаро? Барои он ки байни “4” ва “5” танҳо як қадам аст ва омӯзгор маҷбур мешавад бо эҳтиёт амал кунад.

Низоми 10-хола ба омӯзгор имконият медиҳад, ки фарқи сатҳи донишро дақиқтар нишон диҳад. Масалан, баҳои “6” нишон медиҳад, ки хонанда маводро фаҳмидааст, вале то аъло кор карданаш ҳоло бояд зиёдтар омӯзад. Баҳои “9” бошад, маънои он дорад, ки хонанда маводро на танҳо хуб аз бар кардааст, балки онро мефаҳмад ва метавонад дар амал истифода барад. Бо ин роҳ, хонанда медонад, ки дар куҷо қарор дорад ва барои расидан ба сатҳи баландтар чӣ бояд кунад.

Яке аз ангезаҳои асосии ин иқдом зарурати таъмин намудани арзёбии воқеӣ, шаффоф ва меъёрии дониш, малака ва маҳорати хонандагон мебошад. Зеро дар низоми амалкунанда, воситаҳо ва усулҳои баҳодиҳӣ пурра рушд накардаанд ва аксаран наметавонанд сатҳи ҳақиқии фаҳмиш ва қобилияти хонандаро дар амал муайян созанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи истифодаи шаклҳои маҳдуди баҳогузорӣ, омӯзгорон на ҳамеша метавонанд хонандаро бо ҳавасмандӣ ва худбаҳодиҳии воқеӣ ҷалб намоянд.

Низоми 10-хола ҳамчун ченаки васеътар ва дақиқтар имконият медиҳад, ки омӯзгорон сатҳҳои гуногуни дониши хонандаро фарқ карда, аз зинаҳои паст то олии фаҳмиш ва татбиқ баҳогузорӣ намоянд. Ин ба рушди шахсӣ, тарбияи ангезаи дохилӣ ва ташаккули масъулияти таълимии хонандагон мусоидат мекунад. Аз ҷиҳати методологӣ низ ин низом ба омӯзиши ташаккулдиҳанда такя мекунад, ки аз хонанда мехоҳад на танҳо дониш биомӯзад, балки тавонад онро дар амал татбиқ кунад.

Дар баробари ин, таҷрибаҳои озмоишӣ, ки аз соли 2024 дар муассисаҳои озмоишии кишвар гузаронида шуданд, нишон доданд, ки низоми 10-хола нисбат ба 12 ва 100-хола дастрас, фаҳмо ва муассиртар аст. Маҳз ҳамин низом имкони фарогирии хонандагони дорои қобилияти миёна ва ҳатто аз барнома қафомондаро низ фароҳам оварда, онҳоро ба омӯзиш ва худташаккулдиҳӣ водор месозад. Дар доираи он, омӯзгор метавонад 3 хол барои зинаи паст, 3 хол барои зинаи миёна, ва 4 хол барои сатҳи хубу аъло истифода барад ин имкони комилест барои арзёбии дақиқу мунсифонаи инфиродии ҳар як хонанда.

Аз ҳамин сабаб, Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор баррасӣ доранд, ки ба ҷойи низоми 5-хола низоми 10-холаро ҷорӣ намоянд, зеро таҳлилҳо ва омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки чунин ислоҳот хеле муҳим аст. Баъзан баҳоҳо воқеан нишон намедиҳанд, ки хонанда чӣ қадар хуб ё заиф фаҳмидааст ва гузоштани баҳои ғайриодилона метавонад боиси ранҷиши хонанда, норозигии волидайн ва ҳатто кам шудани шавқ ва ҳавасмандии кӯдак ба таҳсил гардад. Баҳогузории дақиқ, воқеӣ ва шаффоф бошад, метавонад ба хонанда кумак кунад, ки заҳматаш қадр шавад ва барои беҳтар омӯхтан ҳавасманд гардад.

Агар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба низоми 10-хола гузаранд, ин ба муаллимон имкон медиҳад, ки ҳар як хонандаро бо дақиқӣ ва бидуни эҳсосот баҳогузорӣ кунанд. Ба хонандаҳо низ фаҳмо мешавад, ки ҷойгоҳи онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои пешрафт чӣ бояд кунанд. Ҳамин тариқ, сатҳи таълим беҳтар мешавад, муносибати байни омӯзгор ва хонанда ва ҳамчунин байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва падару модар мустаҳкам мегардад.

Аксарияти кишварҳои мутараққии ҷаҳон (аз ҷумла Финландия, Олмон, Латвия, Литва, Эстония, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон ва ғайра) дар ҷараёни арзёбии донишомӯзон низомҳои дақиқи бисёрхоларо истифода мебаранд. Ин кишварҳо бо истифодаи низомҳои баҳодиҳии 10-хола, 100-хола ва ё ҳатто бо истифода аз мeъёрҳои муфассали баҳодиҳӣ, имконият медиҳанд, ки омӯзгор тавонад фарқи заҳмати хонандаи сатҳи миёна ва сатҳи болоиро ба таври мунсифона ва дақиқ арзёбӣ намояд. Аз ин рӯ, ислоҳи низоми баҳогузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ростои мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти миллии соҳаи маориф қарор дорад.

Бояд зикр кард, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ на танҳо як воситаи арзёбӣ, балки як равиши тарбиявӣ низ мебошад. Он муҳити солим ва ороми равониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин мекунад, зеро хонанда дигар аз гирифтани баҳои паст намеҳаросад, балки онро ҳамчун ишора ба ҷое, ки бояд такмил диҳад, қабул мекунад. Ҳамзамон, ин низом имконият медиҳад, ки омӯзгорон дар муқоиса бо меъёрҳои интизоршаванда натиҷаи ҳар хонандаро муайян кунанд ва мувофиқи он роҳҳои дастгирӣ, рушди инфиродӣ ва таълими мақсаднокро муайян намоянд.

Аз таҳлили ҳамаҷониба бармеояд, ки гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар як иқдоми зарурӣ, мантиқӣ ва оянданигарона мебошад. Ин низом ҷавобгӯи талаботи таҳсилоти муосир, асосҳои илмии педагогика, ниёзҳои хонандагон, волидайн ва ҷомеа буда, ба сифати таҳсилот, муносибати солим миёни иштирокчиёни раванди таълим ва рушди воқеии шахсияти хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Он дар айни замон воситаи адолат, шаффофият ва тавоносозии хонандагон мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаҳои озмоишӣ ва таҳқиқоти илмӣ, метавон гуфт, ки дар шароити кунунии рушди маориф, низоми 10-холаи баҳогузорӣ ба яке аз муҳимтарин самтҳои стратегии ислоҳоти соҳаи таълим табдил ёфтааст. Иқдоме, ки на танҳо ба сатҳи муассиса, балки ба ояндаи миллат ва сифатнокии захираҳои инсонӣ таъсири устувор хоҳад гузошт.

Шавкат КАРИМЗОДА,
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ,
номзади илмҳои педагогӣ