НИЗОМИ 10-ХОЛАИ БАҲОГУЗОРӢ: ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ТАЪЛИМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа, ки бо суръат тағйир ёфтани технология, талаботи бозори меҳнат ва васеъ гардидани муҳтавои омӯзиш хос аст, бознигарии усул ва меъёрҳои баҳогузорӣ дар низоми таҳсилот дигар ба як амри фаврӣ табдил ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баҳогузории анъанавии 5-хола, ки солҳо амал мекунад, тамоми паҳлуҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагонро ба пуррагӣ инъикос карда наметавонад.

Бисёр омӯзгорону волидайн ва худи хонандагон эътироф мекунанд, ки низоми 5-хола дигар наметавонад фарқи воқеии байни сатҳҳои гуногуни дониш ва малакаи хонандагонро нишон диҳад. Баҳои “4” метавонад ҳам барои донишомӯзи заҳматкашу кӯшишкунанда ва ҳам барои касе, ки маълумоти умумӣ дорад, яксон дода шавад. Дар ин ҳолат нобаробариҳо ба миён меояд ва хонанда ангезаи шахсиро барои беҳтар шудан аз даст медиҳад.

Илова бар ин, баҳои “1” дар амал қариб ки истифода намешавад ва аксари вақт омӯзгорон маҷбур мешаванд бо доираи маҳдуд байни “3”, “4” ва “5” донишро арзёбӣ кунанд. Ин амал ба нобаробарии арзёбӣ, норозигии волидайн, нофаҳмӣ миёни омӯзгор ва хонанда, ва ҳатто ба коҳиши шавқи хонанда дар таълим мебарад.

Аз ин рӯ, гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ ҳамчун як ислоҳи калидӣ дар низоми таълим, беш аз пеш дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа, омӯзгорон ва сохторҳои давлатӣ қарор гирифтааст. Низоми 10-хола воситаи муассир барои баланд бардоштани дақиқият, шаффофият ва адолат дар баҳогузорӣ мебошад. Он имконият медиҳад, ки:

  • Ҳар як хонанда вобаста ба сатҳи воқеии дониш, малака ва фаҳмиш баҳогузорӣ шавад;
  • Ба омӯзгор майдони васеъ барои арзёбии омӯзиш, кӯшиш ва пешрафти шахсӣ дода шавад;
  • Ба хонанда маълум шавад, ки ӯ дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои беҳтар шудан чӣ бояд кунад.

Масалан, баҳои “6” нишон медиҳад, ки хонанда мавзуъро фаҳмидааст, вале ҷойи такмил вуҷуд дорад; “8” маънои сатҳи хуб ва қобили татбиқро дорад, ва “10” натиҷаи аъло ва мукаммали фаҳм, татбиқ ва тавзеҳ аст. Ин гуна ҷудосозӣ ангезаи дохилии хонандаро тақвият медиҳад ва муҳити солими таълимӣ эҷод мекунад.

Аз нуқтаи назари педагогӣ ва психологии омӯзиш, баҳогузорӣ бояд на танҳо ченаки оморӣ, балки равиши ташаккулдиҳанда ва ҳавасмандсози шахсияти хонанда бошад. Низоми 10-хола имконият медиҳад, ки таълим ба сӯи омӯзиши амиқ ва татбиқи дониш равона гардад. Омӯзгор метавонад на танҳо сатҳи дониш, балки сатҳи истифодаи амалии онро арзёбӣ кунад.

Ба ин васила, 10-хола ба самти “арзёбии ташаккулдиҳанда” такя мекунад, ки бо усулҳои муосир ҳамнаво буда, ба рушди инфиродӣ, худбаҳодиҳӣ ва таҳкими масъулияти шахсии хонандагон мусоидат карда метавонад.

Аз соли 2024, дар беш аз 140 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши озмоишӣ ба низоми 10-хола роҳандозӣ гардид. Омӯзгорон дар ин озмоишҳо шаффофияти бештари арзёбиро эҳсос намуда, хонандагон низ бо ҳаваси бештар дарс мехонданд. Зеро медонистанд, ки кӯшишу заҳмати онҳо дар шакли воқеӣ ва одилона инъикос мешавад. Баҳои паст дигар воситаи танбеҳ нест, балки ишораи такмил аст.

Фоида барои тамоми ҷонибҳо:

– Омӯзгор баҳои дақиқу адолатона мегузорад ва метавонад фарқи воқеии сатҳи донишро нишон диҳад.

– Хонанда медонад, ки дар кадом сатҳ қарор дорад ва чӣ гуна рушд кунад.

– Волидайн метавонанд дарк намоянд, ки фарзанди онҳо то куҷо пеш рафтааст ва барои дастгирӣ аз куҷо шуруъ намоянд.

Низоми 10-хола заминаи гузариш ба арзёбии инфиродӣ ва рушди шахсиятро фароҳам меорад. Баҳо ба воситаи ташхиси аслии пешрафт ва як воситаи равонӣ табдил меёбад. Ҳар хонандаро метавон ҳамчун нобиға арзёбӣ кард, на танҳо ҳамчун рақам дар журнал.

Дар натиҷа, гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ на танҳо як тағйироти рақамӣ, балки як бознигарии мусбат дар таълиму тарбия мебошад. Он аз нигоҳи илмӣ ва методологӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим ва мувофиқ ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Хуршед АМИРХОНЗОДА,
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон