ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ИҶРОИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 28 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025, №141 «ДАР БОРАИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044»

23 июли соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаи Низомнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохурӣ таҳлилу баррасии муфассали лоиҳаи Низомнома, пешниҳодҳо барои такмили меъёрҳо ва равандҳои арзёбии сифати таҳсилот мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин масъалаҳои мутобиқсозии муҳтавои санад бо талаботу самтҳои «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044» баррасӣ намуданд, ки лоиҳа бо талаботи муосири соҳаи маориф ҳамоҳанг ва барои амалӣ шудан дар муҳити таълимӣ омода гардад
Иштирокчиён дар ҷараёни вохӯрӣ қаноатмандии худро аз сатҳи ташкили муҳокима баён дошта, лоиҳаи таҳиягардидаи Низомномаро саривақтӣ ва дорои мазмуну муҳтавои пурмуҳтаво арзёбӣ намуданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ таъкид карданд, ки бо дарназардошти талаботи замон ва гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим, бо мақсади таҳияи босифат ва баррасии ҳамаҷонибаи чунин санадҳо, баргузории чунин вохӯриҳои мунтазам ба роҳ монда шавад.