БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО МУШОВИРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ КАБИНЕТҲОИ МЕТОДИИ РАЁСАТ ВА ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

29 июли соли 2025 аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муассисаи таълимӣ барои солҳои 2025–2026» бо мушовирони синфҳои ибтидоии кабинетҳои методии шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшани ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳо оид ба мазмун, ҳадаф ва муҳтавои асосии Барномаи давраи мутобиқшавӣ, нақши омӯзгорон ва мушовирони синфҳои ибтидоӣ дар татбиқи самараноки Барнома, роҳҳои фароҳам овардани муҳити мусоиди равонӣ ва иҷтимоӣ барои хонандагони синфи якум ҳангоми оғози таҳсил, усулҳои ҷалби волидон ба раванди мутобиқшавии кӯдакон ба муҳити мактаб, мушаххас кардани марҳилаҳои татбиқи Барнома ва арзёбии натиҷаҳои он, мубодилаи таҷрибаҳо байни мушовирон ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар самти ба роҳ мондани кор бо кӯдакони навдастрас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, семинар дар як руҳияи ҳамкорӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба ҷараён гирифта, барои мушовирон имкони муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо дар раванди мутобиқсозии хонандагони синфи якум фароҳам овард.
Иштирокчиён бо намунаҳои амалӣ, усулҳои педагогии муосир ва таҷрибаи муассисаҳои гуногун шинос гардида, дар гурӯҳҳо ба таҳияи нақшаҳои амалии татбиқи барнома машғул шуданд.
Инчунин, ба масъалаҳои нақши муҳити таълимӣ, ҳамкории муассиса бо оила ва тақвияти омодагии равонӣ-эмоционалии кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён тавсияҳои методӣ ва маводи таълимии дахлдорро дарёфт намуда, омодагии худро барои татбиқи муассири Барномаи давраи мутобиқшавӣ дар соли таҳсили 2025–2026 иброз доштанд.