СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ БО МУШОВИРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ КАБИНЕТҲОИ МЕТОДИИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ХУҶАНД

30 июли соли 2025, бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муассисаи таълимӣ барои солҳои 2025–2026» дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №15-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мушовирони синфҳои ибтидоии кабинетҳои методӣ баргузор гардид.
Дар семинар масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи самараноки Барномаи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфҳои якум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо мазмун, мақсад ва муҳтавои барнома шинос шуда, дар бораи нақши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва мушовирони таълимӣ дар ташкили муҳити мусоиди равонӣ ва иҷтимоии муассисаи таълимӣ барои кӯдакони навтаҳсил мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми семинар, иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои педагогӣ дар давраи мутобиқшавии кӯдакон муҳим арзёбӣ карданд.