29-30 июли соли 2025 аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муассисаи таълимӣ барои солҳои 2025–2026» бо мушовирони синфҳои ибтидоии кабинетҳои методии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи босамари Барномаи мутобиқшавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, мазмун ва ҳадафҳои асосии барнома, нақши омӯзгорон ва мушовирон дар фароҳам овардани муҳити мусоид барои мутобиқшавии кӯдакон ба муҳити мактаб, тартиби таҳияи нақшаи инфиродии мутобиқшавӣ ва роҳҳои татбиқи он, инчунин усулҳои муосири таълим ва тарбия дар синфи якум муҳокима карда шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён дар гурӯҳҳо тақсим шуда, дар таҳияи нақшаи амалӣ ва пешниҳодҳои методӣ ҷиҳати беҳтарсозии раванди мутобиқшавии кӯдакон саҳм гирифтанд. Семинар бо таҳлили таҷрибаи муассисаҳои алоҳида, муаррифии маводҳои таълимӣ-методӣ ва табодули афкор миёни иштирокчиён идома ёфт.
Дар анҷом, иштирокчиён доир ба муҳимияти ҳамкорӣ байни омӯзгорон, волидайн ва сохторҳои масъул дар марҳилаи мутобиқшавии хонандагон ба муассисаи таълимӣ, зарурати дастгирии рӯҳиву равонӣ ва таъмини муҳити бехатар барои кӯдакони синфи якум таъкид карданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj