БОЗДИД АЗ НОҲИЯИ КУШОНИЁН

Санаи 16-уми майи соли 2025, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омӯзиши сатҳи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониён ба соли нави таҳсил, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ» аз ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”-и ноҳия боздид намуд.
Дар ҷараёни боздид ҳолати умумии муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, равшан гардид, ки корҳои ободониву сохтмонӣ ва таъмиру тармими синфхонаҳо, китобхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ ба анҷом расида шудаанд. Бо ҷалби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дастгирии шахсони саховатманд, дар баробари таҷдиди синфхонаҳо, бунёди як қатор иншооти ёрирасон низ ба роҳ монда шудааст, ки ба беҳсозии муҳити таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ҷамоат таъкид гардид, ки корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни хонандагон ва падару модарон тақвият дода шаванд.
Ба масъалаи таъмини муҳити солим ва риояи меъёрҳои санитариву гигиенӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки корҳои тозагӣ ва ободонӣ мунтазам сурат гирифта, то оғози соли хониш мактабҳо пурра ба талаботи санитарӣ мутобиқ гарданд. Дар ин замина, истифодаи самараноки иншооти иҷтимоӣ бо ҷалби соҳибкорон ва волидайн як самти муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.
Масъалаи сарфакоронаи истифодаи неруи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он низ дар меҳвари баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти аҳаммияти бузурги сарфаи неруи барқ барои иқтисоди миллӣ, таъкид шуд, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд хонандагонро ба фарҳанги истифодаи оқилонаи қувваи барқ ҷалб намоянд ва ҳамзамон чораҳои зарурӣ барои пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии он амалӣ созанд.
Дар самти корҳои ободонӣ ва созандагӣ низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ҷиҳати гузаронидани ҳафтаи ҳашарҳо таъкид гардид, ки роҳбарони муассисаҳо ва ҷамоатҳо ҷараёни таъмиру тармими роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва биноҳои таълимиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Мавзуи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи масъулон қарор гирифт, масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ ва захираи дурусти он буд. Ҷиҳати нигоҳдории дурусти зироатҳо таъкид шуд, ки ташкили анборҳои муосир ташкил карда шуда, то ки аҳолӣ дар ҳолатҳои эҳтимолии буҳронӣ бо танқисии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ нагарданд.
Дар идомаи боздид, сатҳи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил аз ҷумла, синфхонаҳо, китобхонаҳо ва дигар иншооти таълимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, вобаста ба ин масъала дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдошта то оғози соли хониш бартараф гарданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки омодагӣ ба соли таҳсил танҳо бо корҳои сохтмонӣ ва таъмир маҳдуд намешавад; он бештар ба сатҳи тайёрии методии омӯзгорон, сифати барномаҳои таълимӣ ва муҳити мусоиди омӯзишӣ вобастагӣ дорад.
Previous slide
Next slide