ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ СОЗАНДА

19.08.2025 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР /ФХЦР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохурии директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода бо мушовирони милли лоиҳаи болозикр баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, беҳтар намудани механизми мониторинг ва арзёбии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, инчунин истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии лоиҳа баррасӣ гардид.
Муҳокимаҳо ҳамчунин ба таҳкими иқтидори касбӣ ва методологии омӯзгорон, ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ ва беҳсозии низоми таълимӣ равона шуда буд.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ масоили муҳими татбиқи босамари марҳилаи дуюми лоиҳа баррасӣ шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо тавсияҳо ва пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод гардид.