25 августи соли 2025, дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР /ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи II) оид ба таҳия мавод барои арзёбии миллии омӯзиш, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи мавод барои Арзёбии миллии омӯзиш баргузор гардид.
Дар кори вохӯрӣ мушовири миллӣ оид ба лоиҳа Мансурова Лола, намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ иштирок намуданд.
Вохӯриро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Шавкат оғоз намуда, зарурати таҳияи воситаҳои арзёбии фарогир ва мутобиқ ба талаботи замони муосирро таъкид кард. Қайд намуданд, ки Арзёбии миллии омӯзиш яке аз воситаҳои муҳим барои муайян кардани сатҳи донишу маҳоратҳои аслии хонандагон мебошад ва таҳияи дурусту ҳадафмандонаи маводи арзёбӣ барои рушди минбаъдаи низоми маориф заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мушовири миллии Лоиҳа Лола Мансурова дар баромади худ таъкид дошт, ки маводи арзёбӣ бояд на танҳо қобилияти чен кардани натиҷаҳои таълимӣ, балки барои таҳлили амиқи сифат ва самаранокии низоми таълимӣ хизмат кунад.
Дар интиҳои вохӯрӣ, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маводи намунавӣ барои арзёбӣ ба тавофуқ расида, нақшаи кории минбаъда ва марҳилаҳои татбиқи он муайян гардид.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj