РӮЗИ ДУЮМИ СЕМИНАР БО ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА БОЗБИНӢ ВА ТАКМИЛИ БАРНОМАҲОИ ТАЙЁРКУНИИ ОМӮЗГОРОН

19 сентябри соли 2025, дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ – ФОРБ оид ба дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 2, рӯзи дуюми семинар бо иштироки гурӯҳи коршиносони соҳаи маориф баргузор гардид.
Мавзуи “кор дар таҳлили функсионалӣ (таҳлили барнома ва барномаи таълимӣ), тайёрӣ ба мушоҳидаи синф дар донишгоҳҳо” бахшида шуд.
Дар оғози ҷаласа, координатори лоиҳа Мирзоева Наргис баромад намуда, ба аҳаммияти стратегӣ доштани таҳлили барномаҳо ва омӯзиши ниёзҳои воқеии муҳити таълимӣ таъкид кард. Ӯ гуфт:
“Имрӯз зарурати такмил додани муҳтавои барномаҳои таълимии омӯзгорӣ танҳо як масъалаи академикӣ нест — ин як масъалаи рушди миллӣ мебошад. Ҳадафи мо на танҳо таҳрири санадҳост, балки сохтани заминаи устувор барои тайёр кардани омӯзгорони ҷавобгӯ ба талаботи асри XXI мебошад. Ин кор танҳо тавассути таҳлили амиқ ва ҷалби мутахассисони амалгаро имконпазир аст.”
Мирзоева ҳамчунин дар бораи таҷрибаи кишварҳои дигар, ки таҳлили функсионалиро ҳамчун асос барои тағйироти системавӣ истифода мебаранд, мисолҳо овард ва даъват кард, ки дар марҳилаҳои минбаъда омӯзгорони амалкунанда, мутахассисони фаннӣ ва донишгоҳҳо ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд.
Сипас, намояндаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Раҷабав Зикриё суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард:
“Дар фаъолияти мо ҳамчун муассисаи пешбари такмили ихтисос, ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки барномаҳои таълимӣ бояд ба шароити амалии муассисаҳои таълимӣ мутобиқ гарданд. Таҳлили функсионалӣ на танҳо ба ислоҳи камбудиҳо, балки ба имкониятҳои рушди барномаҳо роҳ мекушояд.”
Раҷабав Зикриё пешниҳод намуд, ки барномаи омӯзиши такмилии омӯзгорон бо дарназардошти натиҷаҳои таҳлили функсионалӣ таҷдиди назар гардад ва ҷараёни бозомӯзии омӯзгорон дар асоси маҳорати амалӣ ва таҷрибаи воқеӣ роҳандозӣ шавад. Ӯ ҳамчунин зарурати омодасозии модулҳои навин барои омӯзиши омӯзгорон дар бахшҳои рақамисозӣ, педагогикаи интерактивӣ ва арзишҳои инсондӯстона-ро таъкид кард.
Дар идомаи рӯз, иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ корбарӣ намуданд. Гурӯҳҳо масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:
  • Муайян кардани норасоиҳои асосӣ дар барномаҳои таълимии амалкунанда;
  • Пешниҳод намудани тарзи ворид кардани таҳлили функсионалӣ ба раванди таҳияи барномаҳо;
  • Ҳамоҳангсозии муҳтавои барномаҳо бо талаботи бозори меҳнат.
Фикру пешниҳодҳо дар муҳити озод, мутақобила ва таҳлилӣ баён гардида, намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои методӣ ибрози омодагӣ намуданд, ки дар марҳилаҳои навбатии лоиҳа фаъолона саҳм мегиранд.
Семинар бо итминон ба идомаи ҳамкориҳои судманд ва нақшаи кори муштарак ҷамъбаст шуд.