ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ 3-РӮЗАИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА БОЗБИНӢ ВА ТАКМИЛИ БАРНОМАҲОИ ТАЙЁРКУНИИ ОМӮЗГОРОН.

20 сентябри соли 2025, дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ – ФОРБ ҷиҳати дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи 2), семинари се-рӯза бо иштироки гурӯҳи коршиносон оид ба бозбинӣ ва такмили барномаҳои тайёркунии омӯзгорон ба анҷом расид.
Ҳамзамон, дар ин рӯз, дар доираи баргузории семинара, машғулиятҳои омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мавриди боздиди мушовири байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ислоҳоти барномаҳои таълимии омӯзгорӣ, мушовири миллӣ оид ба таҳсилоти фарогир, инчунин муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ қарор гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки дар самти бозбинӣ ва такмили барномаҳои тайёркунии омӯзгорон ҳамкории раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нақши назаррас бозида, бо дарки муҳимияти раванди бозбинӣ ва такмили барномаҳои тайёркунии омӯзгорон, шарикии фаъол нишон дода, дар ташкили муҳити мусоид барои баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ ва мулоқоти самараноки коршиносон саҳм бепоён гузотанд.
Ин ҳамкории муассир ҷиҳати таъмин намудани муҳтавои амалии семинар, дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ ва ҷалби мутахассисони донишгоҳ ба мубоҳисаҳои мавзуӣ, як унсури муҳими муваффақияти фаъолияти гурӯҳи корӣ ба шумор меравад.
Ҳамкории ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намунаи ҳамоҳангсозии сатҳи муассисавӣ дар амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми семинар, аз ҷониби маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, ба мушовири байналмилалӣ Рената Ионин, мушовири миллӣ Умарова Бибиҷон, инчунин дигар коршиносон изҳори миннатдорӣ баён гардид. Бо арзи сипос, саҳми арзишманди онҳо дар ташкил ва баргузории босифати семинар, таҳлили амиқи барномаҳо ва пешниҳоди тавсияҳои амалии муосир ҷиҳати такмили равандҳои тайёркунии омӯзгорон махсус таъкид шуд.
Қайд гардид, ки фаъолияти мушовирон ва коршиносон дар самти мусоидат ба дарёфти роҳҳои инноватсионӣ, таҳкими асосҳои методологӣ ва ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ ба равандҳои миллӣ, ба баланд бардоштани сатҳи таҳлил ва сифати хулосаҳои семинар заминаи устувор гузошт.
Маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҳамчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва татбиқи тавсияҳои коршиносон ҷиҳати ислоҳ ва такмили барномаҳои тайёркунии омӯзгорон изҳор дошт.