Вақте сухан дар бораи таълиму тарбия меравад, мо бештар ба мактаб ва нақши омӯзгорон ишора мекунем. Ҳақиқатан ҳам, мактаб ва омӯзгор барои ҳар як хонанда сарчашмаи асосии дониш мебошанд. Аммо ин маъно надорад, ки бо анҷоми дарс дар мактаб раванди омӯхтан низ ба поён мерасад. Баръакс, қисми муҳими таҳсилот, яъне омодагӣ ба дарс, такрори мавод, иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва худомӯзӣ, маҳз дар муҳити хона сурат мегирад.
Чаро муҳити хона муҳим аст?
Хонандагон қисми зиёди вақти худро дар хона мегузаронанд. Агар ин муҳит барои таҳсил ва такрори дониш созгору мусоид бошад, натиҷаҳои таълим низ баландтар мегарданд. Масалан, агар хонанда мизи хоси худ барои кор кардан дошта бошад, равшании хона хуб бошад, китобу дафтар ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас бошанд, вай метавонад бо шавқу ҳаваси бештар машғули донишомӯзӣ шавад. Дар чунин ҳолат, хонанда эҳсос мекунад, ки дар хона ба таҳсилаш ҷиддӣ муносибат менамоянд ва худ низ масъулиятшинос мешавад.
Баръакс, агар муҳити хона носозгор бошад – масалан, хонанда ҷои муайян барои омодагӣ надошта бошад, атроф пур аз садо ва парешонӣ бошад, китоб ё воситаҳои зарурӣ дар даст набошад – ӯ зуд хаста ва дилсард мешавад. Ин ҳолат ба натиҷаи таҳсилаш таъсири манфӣ мерасонад.
Нақши падару модар дар раванд
Волидон дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ доранд. Ҳарчанд омӯзгор дар мактаб дониш медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад, аммо бе дастгирии волидон ин раванди омӯзиш пурра намешавад. Волидон бояд барои фарзандашон шароити муносиб муҳайё созанд:
· ҷои ором барои дарс хондан таъмин кунанд;
· воситаҳои зарурии таълимӣ (дафтар, китоб, қалам, компютер ва ғайра) муҳайё намоянд;
· вақти хонандагонро дуруст тақсим карда, миёни истироҳат ва таҳсил тавозунро нигоҳ доранд;
· ба корҳои хонанда таваҷҷӯҳ нишон дода, онҳоро ташвиқ ва дастгирӣ кунанд.
Дастгирии равонӣ низ аҳамияти калон дорад. Агар волидон ба фарзандашон бовар кунанд, ӯро таҳсин намоянд ва бо суханони хуб ҳавасманд созанд, хонанда бо завқ ва масъулият бештар мехонад.
Ҳамкории мактаб ва оила
Таълиму тарбия танҳо кори мактабу омӯзгор нест. Агар мактаб ва оила якҷоя амал кунанд, натиҷа чандин маротиба беҳтар мешавад. Омӯзгор метавонад роҳнамоӣ кунад, вале иҷрои вазифаҳо ва таҳкими дониш бештар аз муҳити хона вобаста аст. Волидон бояд ҳамеша бо омӯзгорон дар тамос бошанд, дар бораи пешрафт ё мушкилоти фарзандашон маълумот гиранд ва барои ислоҳи камбудиҳо якҷоя чораҷӯӣ кунанд.
Оқибатҳои муҳайё набудани шароит
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки набудани шароити мувофиқ дар хона метавонад ба паст шудани сатҳи дониши хонандагон оварда расонад. Онҳо вазифаҳои хонагиро ба таъхир меандозанд, омодагӣ ба дарсро нопурра анҷом медиҳанд ва аз ин сабаб ҳангоми имтиҳон ё пурсиш бо душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ҳолат на танҳо ба дониш, балки ба худбоварӣ ва ҳаваси онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳар қадар дар ҳаёти хонанда мактаб муҳим бошад, ҳамон қадар муҳити хона низ барои таълиму тарбияи ӯ зарур аст. Мактаб дониш медиҳад, вале хона онро таҳким мебахшад. Омӯзгор роҳ нишон медиҳад, вале волидон шароити воқеӣ фароҳам меоранд. Агар ҳар ду ҷониб – омӯзгорон ва волидон – якҷоя кор кунанд, фарзандон на танҳо дониши хуб ба даст меоранд, ҳамзамон ҳамчун шахсиятҳои масъулиятшинос ва фаъол ба воя мерасанд.
Аммо, имрӯз то куҷо мо барои фарзандони худ шароиту муҳити мусоиди таълим фароҳам овардаем?
Шавкат Каримзода
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj