22 сентябри соли 2025, дар ДОИРАИ Лоиҳаи муштараки БИР /ФҲИР-ШГТ- ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии муҳими корӣ бо иштироки мушовири байналмилалӣ, мушовири миллӣ, гурӯҳи корӣ оид ба арзёбии миллӣ, намояндагони ЮНИСЕФ, инчунин мутахассисон ва намояндагони сохторҳои гуногуни соҳаи маориф баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи ҷараёни корҳои тадқиқотӣ ва методологии марбут ба таҳияи Чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии миллӣ ва арзёбии ҷамъбастӣ ташкил карда шуда, яке аз иқдомҳои муҳими стратегии ислоҳоти низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ —Амирхонзода Хуршед оғоз ёфт. Дар баромади худ, номбурда аҳамияти рушди механизмҳои муассири арзёбӣ дар заминаи ислоҳоти низоми таҳсилот ва мутобиқсозии онҳо ба меъёрҳои муосири миллӣ ва байналмилалиро таъкид намуд. зикр карда шуд, ки таҳияи чунин чаҳорчӯбаи консептуалӣ имконият медиҳад, то арзёбии натиҷаҳои таълим дар заминаи равандҳои воқеӣ ва воқеъбинонаи омӯзиш ба роҳ монда шуда, сифат ва самаранокии таҳсил дар тамоми зинаҳои таҳсилот мунтазам назорат ва такмил дода шаванд.
Сипас, мушовири байналмилалӣ — хонум Орел Екатерина, бо маърузаи илмӣ-методологӣ дар мавзуи «Нақши чаҳорчӯбаи консептуалӣ дар низоми арзёбии миллӣ: таҷриба ва дурнамо» баромад намуд. Хонум Орел Екатерина ба таври муфассал аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти таҳияи чунин чаҳорчӯбаҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки муваффақияти татбиқи онҳо аз як қатор омилҳо — аз ҷумла, мутобиқати фалсафаи таҳсилот ба чаҳорчӯбаи арзёбӣ, иштироки фаъоли омӯзгорон ва маъмурони муассисаҳои таълимӣ, инчунин истифодаи абзорҳои рақамӣ вобаста аст.
Зикр карда шуд, ки чаҳорчӯбаи арзёбӣ на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо мебошад, балки ҳамчун асоси илмии тарҳрезии низоми мутобиқ ба талаботи асри 21 хидмат мекунад. Ба андешаи ӯ, маҳз арзёбии ҷамъбастӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳоро бо нишондиҳандаҳои миллию байналмилалӣ муқоиса карда, тавсияҳои стратегии сиёсати маориф таҳия шаванд.
Дар идомаи семинар, мушовири миллӣ — Мансурова Лола, баромад намуда, ба ҷанбаҳои муҳими мутобиқсозии чаҳорчӯбаи арзёбӣ ба воқеияти миллии соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай қайд кард, ки тамоми иқдомҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф, стандартҳои давлатии таҳсилот, ва талаботи омӯзишии ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.
Мансурова таъкид намуд, ки дар шароити муосир, арзёбӣ набояд танҳо ҳамчун воситаи назорат истифода шавад, балки он бояд ҳамчун абзори рушди касбӣ, такмили раванди таълим ва баробарии дастрасӣ ба таълими босифат хизмат намояд. Вай пешниҳод намуд, ки дар таҳияи чаҳорчӯба аз усулҳои таҳлили ниёзҳо, муҳокимаҳои сиёсӣ ва дарёфти фикру мулоҳизаҳои омӯзгорон васеъ истифода бурда шавад.
Ҳамзамон, дар қисми навбатӣ, намояндаи ЮНИСЕФ Ишонова Н.Б. баромад намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва фарогирии тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар раванди таҳияи чаҳорчӯба таъкид кард. Ӯ иброз дошт, ки арзёбии сифатнок ва илмӣ-назариявӣ яке аз омилҳои калидии дастёбӣ ба таҳсилоти инклюзивӣ, баробар ва устувор ба шумор меравад.
Ишонова илова намуд, ки ЮНИСЕФ омода аст дар ҳама марҳилаҳои таҳия ва татбиқи ин чаҳорчӯба дастгирии техникию методологӣ расонад ва бо тамоми шарикони рушд дар ин самт ҳамкорӣ намояд.
Дар охири вохӯрӣ, ҳар як гурӯҳ натиҷаҳои муҳокимарониро муаррифӣ карда, пешниҳодҳои мушаххас барои таҳияи лоиҳаи пешакии чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии миллӣ ироа намуданд.
Баргузории чунин як вохӯрии фарогир бо иштироки коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми таълими босифат, мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ, қадамҳои устувор мегузорад. Маҳз тавассути таҳияи чаҳорчӯбаҳои илмӣ, меъёрӣ ва методологӣ метавон ба арзёбии воқеъбинона ва рушди пайвастаи сифати таҳсилот ноил гардид.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj