РӮЗИ ДУЮМИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА АРЗЁБИИ МИЛЛӢ: ЧАҲОРЧӮБАИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА НАТИҶАҲО

23 сентябри соли 2025 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР /ФҲИР-ШГТ- ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии дуюми гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар кори он мушовирони байналмилалию миллӣ, намояндагон ва сохторҳои марбутаи соҳаи маориф ширкат варзида, масъалаҳои таҳияи “Чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии миллӣ” баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки чунин чаҳорчӯба на танҳо ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо, балки ҳамчун заминаи илмӣ ва методологӣ барои такмили низоми арзёбӣ ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.
Дар ҷараёни баромадҳо зарурати мутобиқсозии чаҳорчӯба ба воқеияти миллии соҳаи маориф, ҷалби омӯзгорон ва мутахассисон, истифодаи абзорҳои рақамӣ ва таҳлили ниёзҳо таъкид шуд. Намояндагони ЮНИСЕФ изҳор доштанд, ки арзёбии сифатнок ва илмӣ-назариявӣ омили асосии рушди таҳсилоти фарогир ва устувор мебошад ва омодагии худро барои дастгирии ҳама марҳилаҳои таҳия ва татбиқи чаҳорчӯба изҳор карданд. Дар поён, гурӯҳҳои корӣ пешниҳодҳои мушаххас барои таҳияи лоиҳаи пешакии чаҳорчӯбаи консептуалӣ ироа намуданд.