23 сентябри соли 2025, дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР/ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии муҳими корӣ бо иштироки намояндаи TA Group Александар Сокол мушовири байналмилалӣ, мушовири миллӣ, гурӯҳи корӣ оид ба ташкили низомнок ва устувори таҷрибаомӯзии педагогӣ (методикаи таълими забони тоҷик ва математика), намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи ҷараёни корҳои тадқиқотӣ ва методологии марбут ба таҳияи мундариҷаи нави марбут ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои озмоиш бо донишҷӯён ташкил карда шуда, яке аз иқдомҳои муҳими стратегии ислоҳоти низоми таҷрибаомӯзии педагогӣ ба ҳисоб меравад.
Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ — Амирхонзода Хуршед оғоз ёфт. Дар баромади худ, номбурда аҳамияти рушди таҷрибаомӯзии устувор ва методикаи муассири таълимро дар заминаи ислоҳоти низоми таҳсилот ва мутобиқсозии онҳо ба меъёрҳои муосири миллӣ ва байналмилалӣ таъкид намуд.
Сипас, мушовири байналмилалӣ — хонум Ионина Рената, бо маърузаи илмӣ-методологӣ дар мавзуи «Нақши таҷрибаомӯзии педагогӣ дар такмили омодасозии мутахассисони соҳаи маориф: таҷриба ва дурнамо» баромад намуд. Вай аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти ташкили таҷрибаомӯзии устувор ёдовар шуда, таъкид кард, ки муваффақияти татбиқи чунин модел аз як қатор омилҳо — аз ҷумла, ҳамкории муассисаҳои олӣ бо мактабҳо, иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин истифодаи абзорҳои рақамӣ вобаста аст.
Дар идомаи семинар, мушовири миллӣ — Холмуродов Алишер, баромад намуда, ба ҷанбаҳои муҳими мутобиқсозии мундариҷаи нав ба воқеияти миллии соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай қайд кард, ки тамоми иқдомҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф, стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.
Дар охири вохӯрӣ, ҳар як гурӯҳ натиҷаҳои муҳокимарониро муаррифӣ карда, пешниҳодҳои мушаххас барои таҳияи лоиҳаи пешакии мундариҷаи нави таҷрибаомӯзии педагогӣ бо донишҷӯён ироа намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj