ҶАМЪБАСТИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА АРЗЁБИИ МИЛЛӢ: БАРРАСИИ ЧАҲОРЧӮБАИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРШАВАНДА

25 сентябри соли 2025, дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ – ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии ҷамъбастии гурӯҳи корӣ оид ба арзёбии миллӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар тӯли 4 рӯз идома ёфта, масъалаҳои зерин ба таври муфассал мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд:
  • Чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии миллӣ ва чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии ҷамъбастӣ;
  • Нақшаҳои санҷишӣ барои арзёбии миллӣ ва нақшаҳои санҷишӣ барои арзёбии ҷамъбастӣ;
  • Тарҳрезӣ ва идоракунии арзёбии миллӣ ва тарҳрезӣ ва идоракунии арзёбии ҷамъбастӣ.
Дар идомаи семинар, мушовири байналмилалӣ хонум Орел Екатерина бо баромади илмӣ-методологӣ иброз дошт, ки таҳияи чунин чаҳорчӯбаҳо ва нақшаҳои санҷишӣ қадами муҳим дар самти мутобиқсозии низоми арзёбӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад:
  • арзёбии босамар танҳо дар сурате имконпазир аст, ки он бо фалсафаи таҳсилот ва талаботи миллӣ ҳамоҳанг бошад;
  • ҷалби фаъолонаи омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозад;
  • истифодаи технологияҳои рақамӣ ва усулҳои навини мониторинг имконияти таҳияи арзёбии воқеъбинона ва боэътимодро фароҳам меорад.
Хонум Екатерина ҳамчунин афзуд, ки чаҳорчӯбаи консептуалӣ танҳо як ҳуҷҷати методологӣ нест, балки он ҳамчун асоси стратегӣ барои таҳияи сиёсати муосири соҳаи маориф хизмат мекунад. Ба андешаи ӯ, маҳз татбиқи арзёбии ҷамъбастӣ шароит фароҳам меорад, ки Тоҷикистон тавонад натиҷаҳои таҳсилоти хонандагонро бо меъёрҳои байналмилалӣ муқоиса намуда, барои такмили минбаъдаи низоми маориф тавсияҳои илмӣ-амалӣ таҳия кунад.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои болозикр мушовири миллӣ — хонум Мансурова Лола баромад намуда, қайд кард, ки ҳамаи иқдомҳо бояд бо Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф, стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи омӯзишии ҷаҳонӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, арзёбӣ набояд танҳо ҳамчун воситаи назорат, балки ҳамчун абзори рушди касбӣ, такмили раванди таълим ва таъминкунандаи баробарии дастрасӣ ба таҳсилоти босифат истифода гардад. Вай илова намуд, ки барои таҳияи босамари чаҳорчӯба зарур аст, ки аз усулҳои таҳлили ниёзҳо, муҳокимаҳои сиёсӣ ва андешаҳои омӯзгорон васеъ истифода бурда шавад.
Инчунини, дар фарҷоми семинар муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ — Амирхонзода Хуршед иштирокчиёнро бо ҷамъбасти кори семинар ва натиҷаҳои муҳокимаронӣ ошно намуда, аз саҳми арзандаи коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар рушди низоми арзёбии миллӣ изҳори сипос кард. Ӯ таъкид намуд, ки натиҷаҳои ин семинар заминаи устувор барои таҳияи лоиҳаи ниҳоии Чаҳорчӯбаи консептуалии арзёбии миллӣ ва арзёбии ҷамъбастӣ мегардад ва дар амалишавии стратегияҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад.