Бо мақсади таҳкими низоми таҳсилоти фосилавӣ ва баланд бардоштани самаранокии таҷрибаомӯзии педагогӣ, 23 октябри соли 2025 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар, маъмурият муассиса, намояндагони раёсати таълим, устодони таҷрибадор ва масъулони соҳаи таҷрибаомӯзии педагогӣ иштирок намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои вобаста ба такмили низоми таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона), баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим, ҳамоҳангсозии таҷрибаомӯзии педагогӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкории донишгоҳҳо бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён пешниҳодҳои худро мубодила намуда, тавсияҳои методӣ ва нақшаҳои амалии татбиқи самтҳои зикршударо таҳия намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ масъулони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ зарурати истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мактабҳои шарикро таъкид намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамкории созанда ва мубодилаи таҷрибаи муфид анҷом ёфт.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj