БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Бо мақсади таҳлилу арзёбии вазъи фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) ва таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ), рӯзи 23 октябри соли 2025 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, роҳбарони раёсатҳои таълим, устодони пуртаҷриба ва масъулони соҳаи таҷрибаомӯзии педагогӣ иштирок намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи таҳсилоти фосилавӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар шакли ғоибона, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим, ҳамоҳангсозии фаъолияти таҷрибаомӯзии педагогӣ ва таҳкими ҳамкории байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ таҷрибаҳои муассир ва пешниҳодҳои худро оид ба беҳтар намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ ва таҷрибаомӯзӣ иброз намуда, тавсияҳои методӣ ва нақшаҳои амалии татбиқи онҳо таҳия карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ масъулони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ зарурати истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тақвияти робитаи онҳо бо мактабҳои шарикро таъкид намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамкории созанда ва мубодилаи таҷрибаи муфид баргузор гардида, бо натиҷаҳои судманд анҷом ёфт.