БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР БОРАИ БОЗНИГАРИИ БАРНОМАҲОИ ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

24 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода мизи мудаввар таҳти унвони «Бознигарии барномаҳои омодасозии омӯзгорон барои татбиқи муносибати босалоҳият ба таълиму тарбия» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд (IsDB), Барномаи ҷаҳонии таълим (GPE) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, ки ба салоҳият ва қобилияти амалии омӯзгорон нигаронида шудаанд, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин самт вазорат ҳамкориҳоро бо шарикони рушд барои такмили сифати таҳсилот ва таҳияи барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир густариш медиҳад.
Сипас, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Эри Двиведи ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти функсионалӣ ва таҳлили барномаҳои амалкунандаи тайёркунии омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идома пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани мундариҷа ва сохтори барномаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ироа гардид.
Гуфта шуд, ки дар асоси барномаҳои мазкур омӯзгорон оянда на танҳо дониши назариявӣ, балки маҳорати амалии татбиқи усулҳои инноватсионии таълимро ҳамчун таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар раванди таълим метавонанд истифода намоянд.
Ширкаткунандагони мизи мудаввар дар муҳокимаи озод доир ба таҷрибаҳои муфид, роҳҳои такмили низоми омодасозии омӯзгорон ва татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим мубодилаи афкор намуданд.