6 феврали соли 2025 семинари чаҳоррӯзае, ки дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР/ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) аз 3 феврали соли 2026 оғоз шуда буд ҷамъбаст гарди.
Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои таҳқиқот, таҳлилҳо ва таҷрибаи кории худро дар самти таҳияи супоришҳои санҷишӣ, баланд бардоштани сифати саволномаҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ҳамчунин мутобиқсозии воситаҳои арзёбӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот муаррифӣ карданд.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти коршиносон барои рушди низоми арзёбии миллӣ аҳамияти калидӣ дошта, имкон фароҳам меорад, ки сатҳи воқеии дониш, малака ва салоҳиятҳои хонандагон дақиқ муайян ва барои такмил додани барномаҳои таълимӣ ва усулҳои таълим тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Иштирокчиён инчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ, татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда ва гузаронидани санҷишҳои пилотӣ дар марҳилаҳои минбаъда эълон намуданд.
Семинар ҳамчун майдони ҳамгироӣ ва мубодилаи таҷрибаи коршиносон дар самти арзёбии миллӣ арзёбӣ гардид ва барои рушди ояндаи низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муассир хоҳад гузошт.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj