4 феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Лоиҳаи модели нави барномаи омодасозии омӯзгорон бо назардошти ворид намудани муносибати босалоҳият дар таълим» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи Лоиҳаи дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи II) ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ омӯзиш, таҳлил ва баррасии лоиҳаи модели нави барномаи омодасозии омӯзгорон бо дарназардошти татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни он масъалаҳои мутобиқсозии барномаҳои таҳсилотии педагогӣ ба талаботи муосир, таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маориф мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён вобаста ба тарҳрезии модулии барномаҳои таҳсилотӣ, тақвияти ҳиссаи салоҳиятҳои педагогӣ, таҷдиди сохтор ва мазмуни фанҳои омӯзгорӣ, инчунин нақшаи марҳилавии татбиқи модели нав андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар натиҷаҳои таҳлили барномаҳои амалкунандаи омодасозии омӯзгорон аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, таҳлили муқоисавии модели мавҷуда бо таҷрибаи байналмилалӣ пешниҳод шуд. Муаррифӣ бартариятҳо ва имкониятҳои татбиқи модели навро нишон дода, пас аз он муҳокимаи кушод ва саволу ҷавоб баргузор гардид.
Иштирокчиён дар фарҷом пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххаси худро ҷиҳати такмили модели нав ва механизмҳои амалисозии он баён намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj