07 феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Лоиҳаи дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии семинар омӯзишу таҳлил ва баррасӣ, намудани лоиҳаи модели нави барномаи омодасозии омӯзгорон бо назардошти татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ба ҳисо рафта, дар он масъалаҳои марбут ба мутобиқсозии барномаҳои таҳсилотии педагогӣ ба талаботи муосир, таҷрибаи байналмилалӣ, тарҳрезии модулии барномаҳои таҳсилотӣ, тақвияти ҳиссаи салоҳиятҳои педагогӣ, таҷдиди сохтор ва мазмуни фанҳои омӯзгорӣ, инчунин нақшаи марҳилавии татбиқи модели нав ва ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маориф муҳокимаи карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур натиҷаҳои таҳлили барномаи омодасозии омӯзгорон аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Муаррифӣ таҳлили муқоисавии модели мавҷуда бо таҷрибаи байналмилалиро дар бар гирифта, бартариятҳо ва имкониятҳои татбиқи модели навро нишон дод. Пас аз он саволу ҷавоб ва муҳокимаи кушод баргузор шуда, иштирокчиён андешаҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро вобаста ба такмили модел ва механизмҳои амалисозии он баён намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj