10 феврали соли 2026 дар шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши маъмурияти муассисаи таълимӣ дар таъмини рушди муттасили касбии омӯзгорон» баргузор гардид. Дар кори семинар 84 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, муовинони директорон оид ба таълим ва мушовирони кабинети методии шуъбаи маориф фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии семинар баррасии роҳу усулҳои муосири ташкили рушди касбии омӯзгорон, таҳкими нақши маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани сатҳи маҳорати педагогӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти идоракунии фаъолияти методӣ буд.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо масъалаҳои муҳими марбут ба банақшагирии рушди касбии омӯзгорон, ташкили курсҳои такмили ихтисос, истифодаи технологияҳои муосири таълим, арзёбии фаъолияти омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим шинос гардиданд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки рушди муттасили касбии омӯзгорон яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳсуб меёбад.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бояд барои фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзишӣ, дастгирии фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва ташкили корҳои методии самаранок тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зикр гардид, ки ҳамкории зич байни роҳбарияти муассиса, иттиҳодияҳои методӣ ва шуъбаҳои маориф метавонад ба баланд гардидани натиҷаҳои таълим мусоидат намояд.
Дар қисми амалии семинар иштирокчиён таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимиро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба роҳҳои такмил додани фаъолияти методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нав ва истифодаи захираҳои таълимии муосир мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён пешниҳод ва тавсияҳои худро ҷиҳати такмил бахшидани фаъолияти маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва рушди касбии омӯзгорон иброз дошта, зарурати идомаи чунин чорабиниҳои омӯзиширо таъкид намуданд. Семинар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷрибаи судманд ҷамъбаст гардид.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj