10 феврали соли 2026 Дар ноҳияи Восеъ семинари омӯзишӣ оид ба мавзуи «Нақши маъмурияти муассисаи таълимӣ дар таъмини рушди муттасили касбии омӯзгорон» бо иштироки муовинони директорон ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои забон ва адабиёт, инчунин математика баргузор гардид. Дар семинар 111 нафар омӯзгор фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои такмил додани фаъолияти методӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва истифодаи усулҳои муосири таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён доир ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj