11 феврали соли 2026 дар ноҳияи Муъминобод семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Нақши маъмурияти муассисаи таълимӣ дар таъмини рушди касбии омӯзгорон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мушовирони кабинети методӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва муовинони директорон оид ба таълим аз муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Дар рафти семинар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии омӯзгорон, такмил додани фаъолияти методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва нақши маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар ташкили рушди муттасили касбии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Семинар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ баргузор гардида, иштирокчиён аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои омӯзиширо таъкид намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj