11 феврали соли 2026 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба мавзуи «Нақши маъмурияти муассисаи таълимӣ дар таъмини рушди касбии омӯзгорон» бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ 38 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, муовинони директорон оид ба таълим ва мушовирони кабинети методӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар диққати асосӣ ба таҳкими фаъолияти методӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон ва истифодаи равишҳои муосири таълим равона гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар самти дастгирии рушди касбии омӯзгорон баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён таҷрибаи амалии худро мубодила намуда, оид ба татбиқи усулҳои навоваронаи таълим ва роҳҳои баланд бардоштани натиҷаҳои таҳсил пешниҳодҳои судманд манзур карданд. Семинар дар фазои ҳамкории судманд анҷом ёфт.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj