11 феврали соли 2026 дар ноҳияи Данғара бо иштироки муовинони директорон оид ба таълим ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии нақши роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар ташкили низоми самараноки рушди касбии омӯзгорон, таҳкими фаъолияти методӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи педагогӣ маҳсуб меёфт. Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба такмили банақшагирии фаъолияти методӣ, ташкили мониторинги сифати таълим ва истифодаи технологияҳои муосири таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба роҳҳои дастгирии омӯзгорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, таҷрибаи муассисаҳои пешқадам муаррифӣ гардида, оид ба татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва такмили раванди таълиму тарбия пешниҳодҳои мушаххас иброз шуданд.
Дар анҷоми семинар аҳамияти рушди муттасили касбии омӯзгорон ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот таъкид гардида, зарурати густариши ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои методӣ зикр карда шуд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj