СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН»

11 феврали соли 2026 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба мавзуи «Нақши маъмурияти муассисаи таълимӣ дар таъмини рушди касбии омӯзгорон» бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ зиёда аз 110 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, муовинони директорон оид ба таълим ва мушовирони кабинети методӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар диққати асосӣ ба таҳкими фаъолияти методӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон ва истифодаи равишҳои муосири таълим равона гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар самти дастгирии рушди касбии омӯзгорон баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён таҷрибаи амалии худро мубодила намуда, оид ба татбиқи усулҳои навоваронаи таълим ва роҳҳои баланд бардоштани натиҷаҳои таҳсил пешниҳодҳои судманд манзур карданд. Семинар дар фазои ҳамкории судманд анҷом ёфт.