РАФТИ ГУЗАРОНИДАНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН»

12 феврали соли 2026 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинар мушовирони кабинети методӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва муовинони директорон оид ба таълим аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти семинар таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии фаъолияти педагогӣ, ташкили муҳити мусоиди касбӣ барои омӯзгорон ва густариши таҷрибаи ҳамкории методӣ равона гардид. Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҳияи нақшаҳои инфиродии рушди касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои муосири баҳогузории фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳҳои татбиқи технологияҳои инноватсионии таълимро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар намунаҳои таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ гардида, оид ба роҳҳои таҳкими фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ ва баланд бардоштани сифати таълим мубодилаи афкор сурат гирифт. Иштирокчиён зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бо сохторҳои методӣ ва такмили шаклҳои дастгирии омӯзгоронро таъкид намуданд.
Семинар дар фазои ҳамкории созанда баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати татбиқи таҷриба ва тавсияҳои пешниҳодгардида дар фаъолияти минбаъдаи касбии худ изҳор доштанд.