Дастгирии доимии методӣ ва татбиқи МРМКО дар мактабҳои пилотӣ

6 марти соли 2026 дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон семинари дуррӯза таҳти унвони «Нақши мактаби пилотӣ ва масъулияти директори мактаб дар таъмини дастгирии доимии методӣ ба омӯзгорон» оғоз гардид.

Дар кори семинар директорони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ‑методӣ Шавкат Каримзода, мушовири миллӣ Сабоҳат Камолова ва кулли роҳбарони муассисаҳои пилотӣ иштирок варзиданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳо дар самтҳои нақши директор дар идоракунии мактаби пилотӣ, нақши директор дар татбиқи МРМКО, бознигарии фаъолиятҳои ба роҳ мондашуда ва нақши директор дар дастгирии омӯзгор ҳангоми истифодаи асбобу технологияҳои муосири таълим (АТМ) баррасӣ шуданд.
Роҳбарони муассисаҳо таҷрибаи амалии идоракунии мактабҳои пилотиро мубодила карданд, ҳадаф ва стратегияи татбиқи МРМКО ва роҳҳои такмили фаъолияти омӯзгоронро муҳокима намуданд. Муҳокимаҳое, ки дар семинар анҷом ёфтанд, имконият фароҳам оварданд, ки роҳбарони мактабҳо роҳи беҳтарини дастгирии омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати таълимро омӯзанд.
Мушовири миллӣ Сабоҳат Камолова ҷиҳати роҳнамоӣ ва тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи беҳтари усулҳои методӣ ва идоракунии муассисаҳо иштирокчиёнро роҳбарӣ намуд.
Семинар аҳамияти нақши директор дар рушди муассисаҳои пилотӣ, дастгирии омӯзгорон ва татбиқи технологияҳои муосирро таъкид намуд ва интизор меравад, ки натиҷаҳои баррасишуда ба самаранокии таълим ва рушди устувори муассисаҳои пилотӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.