СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ КОРМАНДОН”

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандон, таҳкими масъулияти касбӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон» баргузор гардид.

Дар семинар роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, масъулияти хизматӣ ва одоби касбии кормандони муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни семинар таъкид гардид, ки пешгирии коррупсия танҳо вазифаи сохторҳои назоратӣ набуда, балки масъулияти ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф мебошад. Риояи қонун, шаффофият, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати одилона ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз омилҳои муҳими ташаккули муҳити солими корӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, риояи интизоми меҳнатӣ ва хизматӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти шахсӣ дар фаъолияти касбӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини шаффофияту масъулият дар фаъолияти кормандон тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти меҳнатӣ аҳамияти муҳим дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *