22-юми август дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии натиҷаҳои арзёбиҳои миллии омӯзиш ва дигар пажӯҳишҳои аз ҷониби Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) тасдиқшуда доир гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи қисмати тағйиёбандаи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Марҳилаи 2) роҳандозӣ шуда, дар он омӯзгорони як қатор муассисаҳои таълимӣ, мудирони кабинетҳои методӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода зимни муаррифии натиҷаи тадқиқотҳои вобаста ба арзёбии сифати таҳсилот иброз дошт, ки пажуҳишҳои миллии арзёбии дастовардҳои таҳсили хонандагон на танҳо барои муқоисаи сатҳи сифати таҳсилот дар дохили кишвар, балки барои ҳамқадам шудан бо низомҳои байналмилалии таълимӣ аҳамияти вижа доранд. Истифодаи маълумоти бадастомада барои такмил додани барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани малакаи омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва рушди воситаҳои санҷишу арзёбӣ зарур шуморида мешавад. Ин тадқиқотҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи дониш ва малакаҳои хонандагон дақиқтар муайян гардида, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот дар оянда заминаи устувор фароҳам оварда шавад.
Иштирокчиёни машварат, аз ҷумла доир ба роҳҳои нав ва усулҳои муосири арзёбии сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили мониторингҳои мунтазам, таҳияи барномаҳои рақамии омӯзишӣ ва санҷишӣ, таҳқиқи омилҳои иҷтимоӣ ва равонӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ибрози назар карданд.
Ёдовар мешавем, арзёбии дониш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ як ҷузъи талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 буда, зарурати истифодаи маълумоти ин арзёбиҳо барои қабули қарорҳои дуруст ҳамчун афзалият инъикос карда мешавад.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj