БО ШАНБЕГӢ БА СӮИ МУҲИТИ ПОКУ ОЗОД

23 августи соли 2025 шанбегии дастаҷамъонаи Кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани чунин шанбегиҳо, пеш аз ҳама, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби кормандон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.
Дар рафти шанбегӣ кормандон ба тоза кардани гирду атрофи бино, шинондани ниҳолҳо, нарм кардани гулгаштҳо ва бартараф намудани партовҳои маишӣ машғул шуданд. Ин ташаббус бо руҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳамбастагии коллектив амалӣ гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин иқдомҳо на танҳо ба беҳтар гардидани симои шаҳру деҳот мусоидат менамояд, балки ҷиҳати таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, ҳифзи муҳити зист ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи покизагию созандагӣ низ аҳамияти калон дорад.
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ минбаъд низ тасмим дорад дар баргузории чунин иқдомҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намояд.