Лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 августи соли 2025 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба бозбинӣ ва таҳлили заминаи меъёрии амалкунанда ва таҳияи заминаи меъёрӣ барои омӯзиши муттасили касбӣ (ОМК) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мушовири миллӣ лоиҳа Комилова Сабоаҳ, намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ иштирок намуданд.
Нахуст, вохӯриро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Шавкат ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки омӯзиши муттасили касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф мебошад, ки заминаи устувори таҳкимбахшии қобилиятҳои касбии кормандони соҳа ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосирро фароҳам месозад. Қайд карда шуд, ки татбиқи босамари чунин ташаббусҳо танҳо тавассути таҳия ва ҷорӣ намудани заминаи устувори меъёрӣ ва методӣ имконпазир аст.
Сипас, иштирокчиён оид ба таҷрибаҳои мавҷудаи омӯзиши муттасили касбӣ, ва зарурати ҳамоҳангсозии меъёрҳо бо стратегияи миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Комилова Сабоаҳ дар сухани худ таъкид намуд, ки таҳияи заминаи меъёрии ОМК бояд бо назардошти ниёзҳои воқеии кормандони соҳаи маориф ва таҷрибаи байналмилалӣ амалӣ гардад.
Дар рафти вохӯрӣ пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати бозбинӣ ва таҳлили заминаи меъёрии амалкунанда ва таҳияи заминаи меъёрӣ барои омӯзиши муттасили касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, гурӯҳи корӣ нақшаи чорабиниҳои минбаъдаро таҳия намуда, мувофиқа карданд, ки дар марҳилаҳои навбатӣ лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мавриди муҳокима ва такмил қарор дода шаванд.